Лавров бо роҳбарони минтақаҳои Русия ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказиро баррасӣ мекунад

Аз мавзуъҳои марказии 40-умин ҷаласаи Шӯрои сарони субъектҳои Русия дар назди Вазорати корҳои хориҷии кишвар таҳкими ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дурнамои рушди муносибатҳои минтақаҳои Русия ва шарикон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мавзӯъи аслии мулоқоти дарпешистода хоҳад буд.
Ин нуктаро намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова зимни шарҳи барномаи 40-умин ҷаласаи Шӯрои сарони субъектҳои кишвар дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ таъкид кард.
"Русия ва ин кишварҳоро риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек, сарнавишти муштараки таърихӣ, анъанаҳо, шарикии стратегӣ ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби иттиҳодияю созмонҳо, мепайвандад", - таъкид кард Захарова.
Кремл сафари президентҳо ба Маскавро тафсир кард
Ба гуфтаи вай, дар ин чорабинӣ роҳбарони музофотҳои Русия, мансабдорони баландпояи дастгоҳи президент ва мақомоти федералии иҷроияи кишвар ширкат хоҳанд кард.
Намояндаи расмии вазорати хориҷаи Русия таъкид кард, ки мулоқот рӯзи 16 май дар қасри вазорати хориҷа таҳти раёсати вазир Сергей Лавров баргузор мешавад.
Қаблан Сергей Лавров гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида аз талошҳои ҷорӣ кардани зербиноҳои низомӣ дар Осиёи Марказӣ даст намекашад. Дипломат инчунин дар бораи сарпарастии ИМА ба сохторҳои гуногуни ифротӣ гуфт. Ба гуфтаи вай, ҳама хуб медонанд, ки ин гуна талошҳои Амрико хатари ҷиддӣ дорад.