Афзоиши қимати рубл дар бозори арзи Тоҷикистон

Қурби рубли тайи як ҳафта аст, ки мақеи устуворро касб карда, давоми шабонарӯзи ахир то ду сомонӣ гарон шуд. Доллар низ гарон шуда, аммо евро коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 143 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 141 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори амрикоӣ низ тадриҷан боз устувортар мешавад. Тибқи иттилои БМ дар бозори арз барои як доллар 10.9137 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби доллар 10.9135 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули аврупоӣ дар баробари сомонӣ рӯ ба коҳиш дорад, аммо на чашмгир. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар евро 12.0278 сомонӣ медоданд, ҳоло 11.9942 сомонӣ медиҳанд.
Интиқоди тунди доротарин бонкдори Осиё аз доллар
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА 10.9137 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9942 то 12.2500 сомонӣ ва 100 рубли русӣ аз 143 то 146 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.