Истиқболи Раҳмон аз Бердимуҳаммадов дар Қасри миллат

Дар маросими истиқбол ба хотири кишвардори Туркманистон аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов кишвардори Туркманистонро Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат пешвоз гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуоти роҳбари давлат.
Бар хабари манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои туркманашро гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват намуд.
"Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб баргузор шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон омад
Ҳамчунин, аз назди сарони ду давлат ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ гузаштанд.
Манбаъ меафзояд, ба хотири Бердимуҳаммадов аз тӯпхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
Дар Тоҷикистон чанде пеш ҳамоиши тиҷоратии ду кишвар сурат гирифт, ки дар доираи он беш аз 20 созишномаи мухталиф оид ба ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ба имзо расид.
Инчунин пас аз анҷоми мулоқоту музокироти саарони ду давлат ба имзо расидани чанд санади нави ҳамкроӣ дар назар аст.
Бояд гуфт, сафари Бердимуҳаммадови хурдӣ ба Тоҷикистон мебоист рӯзҳои 10-11 апрел сурат гирифт, вале ба далели реҳлати модарбузурги ӯ ин сафар ба таъхир уфтод.