Навори нашркардаи Вазорати мудофиаи Русия кори ҷангии маҷмааи зиддитанкии "Корнет"-ро нишон медиҳад.
Дар наворхо нишон дода мешавад, ки тими "Корнет" чӣ тавр ба хатти пеши мудофиаи рақиб барои аз руи маълумоти қаблан гирифташуда зарба зада, истеҳкомҳояшонро тахриб мекунанд.
Ба иттилои Вазорати мудофиаи Русия, ҳайати идории ин маҷмааҳо барои иҷрои супориши ҷангӣ аз тактикаи "тупҳои кӯчманчӣ" истифода мебаранд. Тавзеҳ дода шудааст, ки давоми чанд дақиқа ба хизматчиёни ҳарбӣ муяссар мешаванд, ки дар хатти оташ қарор гиранд ва мавқеъҳои нерӯҳои Украинаро тирборон кунанд.
Сипас зуд ба масофаи бехатар ақибнишинӣ мекунанд, ки тири душман ба он ҷо намерасад, илова намуд манбаъ.
Вазорати дифои Русия гуфтааст, ки бо ҳамин тактика объектҳои зиреҳпӯш, нуқтаҳои оташфишонии дарозмуддат ва дигар иншооти муҳандисии душман низ нобуд карда мешаванд.
Натоиҷи тахриби мавқеъҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ҳангоми чунин ҳамлаҳо аз ҷониби "Корнет"-ро ҳавопаймоҳои бесарнишин сабт мекунанд.
Қаблан Виктор Баранетс, коршиноси низомии рус дар сӯҳбат бо радиои Sputnik бартариҳои маҷмааҳои зиддитанкии сохти Русия "Корнет"-ро дар он гуфт, ки ҳадафро тавассути хуруҷи гармӣ, новобаста аз обу ҳаво мебинанд. Кулоҳаки ҷангии "Корнет" низ пуриқтидортар аст ва масофаи тирпарронӣ дар ҳақиқат аз Javelin ду баробар зиёд аст.