ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Рӯзи 3-юми чемпионати ҷаҳон дар Қатар барои ҷудокорони кишвар бе нишон хотима ёфт.
Шодмон Ризоев, ҷудокори тоҷик дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввалу дуюм бар ҳарифонаш пирӯз шуд, дар даври 3-юм аз ҳарифаш, қаҳрамони ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ шикаст хӯрд.
Дар вазни то 81 кило дар баробари Ризоев, Тоҷикистонро инчунин Сомон Маҳмадбеков муаррифӣ мекард, ки дар даври аввал шикаст хӯрду аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гардид.
Ахиран Беҳрӯз Хоҷазода дар чемпионат, бо шикасти рақибонаш то даври сеюм расид. Аммо дар даври 3-юм аз қаҳрамони 5-каратаи ҷаҳон Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ шикаст хӯрд. Ҳашимото бо як вазари бар Беҳрӯз Хоҷазода пирӯз гашт.
Пештар паҳлавонони дигари тоҷик, Эмомалии Нуралӣ ва Шаҳбоз Саидаброров низ то даври дуюм роҳхат гирифта буданд, аммо шикаст барояшон дар ин марҳила имкони идомаи сабқатро надод.
Маврид ба зикр аст, ки қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо аз 7 то 13 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор идома меёбад. Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат мекунанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Бар асоси қуръакашиҳо, аз намояндаҳои боқимондаи тоҷик дар ин сабқат Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Зеландияи Нав қувва меозмоянд.
Дар идома, Ҷаҳонгир Маҷидов бо намояндаи Миср ва ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифи ӯ намояндаи Гвения хоҳад буд.