ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Сардор Бердимуҳаммадов дар мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмонро ба Туркманистон даъват кард.
Видео, ки котиботи роҳбари давлат дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон дар посух ба таклифи Бердимуҳаммадов сипос гуфт.
Мулоқоти сарони ду давлат пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар Қасри миллат сурат гирифт.
Котиботи роҳбари давлат хабар медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот нахуст роҳбари давлат, Бердимуҳаммадови хурдиро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аҳамияти робитаҳои мунтазами сиёсӣ дар сатҳи оливу баланд ва нақши калидии онҳоро дар пешбурди пайвастаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистон таъкид кард.
Президент ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки сафари давлатии кишвардори Туркманистон ба рушди тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав мебахшад.
Зимнан, Сардор Бердимуҳаммадов барои истиқболи самимӣ ба ҳамтои тоҷики худ изҳори миннатдорӣ намуда, саломи падараш - Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро ба Эмомалӣ Раҳмон расонд.
Зимни мулоқот масъалаи рушди устувори ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои ҳамкорӣ муҳокима гардид.
Интизор меравад, пас аз анҷоми мулоқоти сарони ду давлат якчанд санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад.