Аз субҳонаи ғайрирасмӣ то тамошо аз минбар: Раҳмон дар Маскав чӣ кор мекунад?

Дафтари матбуоти Кремлин бархе тафсилоти барномаи роҳбарони кишварҳои собиқ шӯравиро дар рӯзи 78-умин солгарди Ғалаба дар Маскав эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Қариб тамоми роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ, аз ҷумла раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гузашти ҳарбиро дар Майдони Сурх тамошо хоҳанд кард.
Дар баробари ин субҳонаи ғайрирасмии роҳбарон ба нақша гирифта шудааст, изҳор дошт сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков тариқи телевизиони "Россия 1".
Ба иттилои манбаъ, дар баробари президенти кишвари мизбон, Владимир Путин гузашти низомиёну техникаи ҳарбиро аз минбар дар Майдони Сурх қариб ҳамаи роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ назорат хоҳанд кард.
Гузашти ҳарбӣ пеш аз зуҳр ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки Владимир Путин зимни он суханронӣ мекунад.
Бар асоси барнома, дар назар аст, ки роҳбарони кишварҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ дар Маскав ба оромгоҳи сарбози номаълум гулчанбарҳо мегузоранд.
Раҳмон: Тоҷикистон ҷонибдори сулҳу оромӣ ва ҳалли низоъҳо бо роҳи дипломатӣ аст
Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар Маскав президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Беларус Александр Лукашенко, раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва роҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қарор доранд.
Маврид ба зикр аст, ки соли равон 78-умин солгарди ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таҷлил карда мешавад.
Саҳми тоҷикистониён дар баробари халқҳои дигари собиқ шӯравӣ, чӣ дар хатти ҷанг алайҳи нозиён ва чӣ дар ақибгоҳ барои дастгирии сарбозон бузург арзёбӣ мешавад.