Президенти Русия гуфт, ояндаро чӣ гуна дидан мехоҳад

Раисҷумҳури Русия дар гузашти ҳарбӣ ба муносибати солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ назарашро ба гузаштаю ояндаи ҷаҳон баён кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май – Sputnik. Русия хостори ояндаи орому осуда мебошад, ин Ғарб аст, ки тухми низоъ мекорад, изҳор дошт президент, Владимир Путин зимни суханронияш дар Майдони Сурх.
Путин дар ҳошияи гузашти ҳарбӣ гуфт, Русия мехоҳад ояндаро осоишта, озод ва устувор бубинад ва бартарияти ҳар идеологияро ҷиноятӣ фоҷиабор медонад.
"Мисли аксарияти кулли мардуми сайёра мо мехоҳем ояндаи осоишта, озод ва устувор бубинем. Ҳар идеологияи бартарият аз рӯи табиати худ нафратовар, ҷиноӣ ва марговар аст", - гуфт раисҷумҳури Русия ва нозиҳоро мисол овард.
Путин ба Раҳмону президентҳои дигар сипос гуфт: аҷдодони мо якҷо пирӯз шуданд
Вай зикр намуд, ки алайҳи Русия боз ҷанги воқеӣ оғоз шудааст ва афзуд, ки амнияти кишвар таъмин хоҳад шуд.
Ба гуфтаи президенти Русия, глобалистҳои ғарбӣ, ки худро бартару истисноӣ медонанд, тухми низоъ мекоранд, ҳадаф доранд натиҷаи ҷанги дуюми ҷаҳонро таҳрифу амнияти ҷаҳониро барҳам зананд.
Путин майли ҷаҳонро ба сӯи бисёрқутбӣ истиқбол карда, изҳор дошт, ки Ғарб талош дорад, ҳар маркази мустақили қарорро саркӯб кунад.
Вай бо изҳори миннатдорӣ ба иштирокдорони амалиёти низомӣ дар Украина афзуд, ки онҳо барои ояндаю давлатдории Русия мубориза мебаранд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, мардуми Русия муттаҳид шуда, иштирокдорони амалиётро аҳлона дастгирӣ мекунанд.