Эрон ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки марзҳо монанди Иттиҳодияи Аврупо бардошта шаванд

Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон дар дидор бо вазири тандурустии Тоҷикистон, бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши беҳдоштӣ таъкид карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Вазири беҳдошти Эрон Баҳроми Айнуллоҳӣ дар дидор бо Ҷамолиддини Абдуллоҳзода вазири беҳдошти Тоҷикистон гуфт, ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши тандурустӣ дар ҳоли рушдёбӣ қарор дорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Эрон Пресс”.
Вай дар ин дидор афзуд, ки лозим аст марзҳои кишварҳои минтақа ҳамонанди Иттиҳодия Аврупо дар ҳавзаи ҳамкориҳои илмӣ ва саломат бардошта шавад то донишмандон ва донишҷӯёни кишвраҳои минтақа битавонанд бо тасҳил дар рафту омад ба пешрафти низомҳои саломат кумак кунанд.
“Дар давлати сездаҳум бо рӯйкарди тақвияти иртибот бо ҳамсоягон, сафарҳои муътадиди мақомоти эронӣ ба Тоҷикистон сурат гирифта ва ин нишондиҳандаи алоқаи дукишвар барои густариши равобит аст”, - афзуд Айнуллоҳӣ дар ҳошияи Иҷлоси гурӯҳи 5 ва дар дидори вазири беҳдошти Тоҷикистон.
Баргузории комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфта буд, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.