ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар ҷараёни ҳамоиши соҳибкорон ва нахустин ҷаласаи шӯрои тоҷирони ду кишвар миёни Тоҷикистон ва Туркманистон беш аз 20 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Туркманистон хабар медиҳад.
Ҳамин тариқ, миёни Иттиҳоди саноатчиён ва соҳибкорони Туркманистон ва як қатор корхонаҳои давлатӣ ва сохторҳои хусусии Тоҷикистон созишномаҳои нав ба даст омаданд.
"Нахустин ҷаласаи шӯрои соҳибкорони Туркманистон ва Тоҷикистон як имкони нав барои ба роҳ мондани равобити қавии шарикӣ миёни ҷонибҳо ва ҳамчунин фаъолсозии ҳамкориҳо дар ҳама самтҳои рӯзномаи дуҷониба мебошад”, - омадааст дар паём.
Бояд гуфт, ки дар чорабинӣ роҳбарони вазорату идораҳои гуногун, намояндагони илму сохторҳои соҳибкорӣ ширкат доштанд.
Маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба татбиқи иқтидори тиҷоративу иқтисодӣ, содиротӣ ва сармоягузории ду кишвар баррасӣ шуд.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби табодули таҷриба дар соҳаи саноати сабук пешниҳод кардааст, ки дар қаламрави минтақаҳои озоди иқтисодӣ корхонаҳои нави муштарак таъсис дода шавад.
Зимнан зикр гардид, ки рушди ҳамкориҳо дар бахшҳои нақлиёт ва кишоварзӣ низ ҷузъи муҳими шарикӣ буда, тавофуқоти ҳосилшуда ба фаъол шудани муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.
Илова бар ин, зарурати баргузории намоишгоҳҳои муштараки истеҳсолкунандагони коло ва форумҳои иқтисодӣ баррасӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки дар остонаи нахустин сафари давлатии раисиҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ба Тоҷикистон дар пойтахт намоишгоҳи муштараки содиротӣ ба кор шурӯъ кард.