Тамоми аҳолии Тоҷикистон дар соли 1940 наздики 1,4 млн нафарро ташкил медод ва аз ҷумҳурии кӯчаки мо 20% тамоми аҳолӣ ё кулли мардони бузургсол равонаи фронт шуданд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд.
Минбаъд тоҷикистониён дар муҳорибаҳои назди Москва, ҷанги шадиди Сталингард, мудофиаи Ленинград ва ғайраҳо қаҳрамониҳои бемисл нишон додаанд.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қӯшунҳои шӯравӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои ҷабҳаи Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози "Пахтакор" — и ноҳияи Ашт, Тӯйчӣ Эрҷигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сӯрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд.
Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ӯ 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардид.
Дар муҳорибаи назди Ленинград инчунин разведкачӣ Иван Симакови душанбегӣ қахамониҳои зиёд нишон дода, соҳиби ҳар се дараҷаи ордени Шараф гардидааст.
Дар остонаи рӯзи 9 май хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба шаҳри қаҳрамони Ленинград, ҳоло Санкт-Петербург рафт, ки ҷанговарони диловари тоҷик дар онҷо охирин паноҳгоҳи худро пайдо карданд. Дар ин навор шумо дар бораи корнамоин Туйчӣ Эрҷигитов, дар бораи мардонагии халқи тоҷик дар мудофиаи Ленинград ва саҳми бузурги Осиёи Миёна дар Ғалабаи Бузург маълумот хоҳед гирифт.
Гузориш ба забони русӣ таҳия шудааст.
Инчунин Sputnik Тоҷикистон барои кумак дар таҳияи видео ба ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербург "Сомониён" ба хусус ба собиқ консули фахрии Тоҷикистон дар ин шаҳр ва вилояти Ленинград Муҳаммадназар Мирзода изҳори сипос мекунад