Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав рафт

Президенти Тоҷикистон ба хотири иштирок дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ба шаҳри маскави Русия сафар кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мая — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Русия Владимир Путин бо боздиди корӣ ба шаҳри Москва сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Сарвазир, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел карданд.
Манбаъ қайд кардааст, ки дар назар аст, ки дар рафти ин сафар, раисҷумҳури Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба иштирок хоҳанд кард.
Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад
Ёдовар мешавем, ки қаблан Владимир Путин кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои таҷлили чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват карда буд.
Даъвати раҳбари Русия дар чаҳорчӯби гуфтугӯи телефонии президентҳо сурат гирифта буд.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин ба шаҳри Маскав барои иштирок дар маросими таҷлили Рӯзи Ғалаба раҳбарони Қирғизистон Содир Ҷабборов, Қазоқистон Қосим Ҷомарт-Тоқаев, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян ба Маскав сафар хоҳанд кард.