ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони аксари кишварҳои ҳамсоя номаи табрикотӣ ирсол кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар номааш ба онҳое, ки дар майдонҳои набард ва заҳмати фидокоронаашон дар ақибгоҳ имкони дифоъ аз озодии Ватанро фароҳам кардаанд, арҷгузорӣ кард.
"Имрӯз вазифаи маънавии мо аз он иборат аст, ки анъанаҳои дӯстӣ ва ёрии ҳамдигарии падарону бобоёнамонро муқаддас нигоҳ дорем, ба таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин сафедкунии фашистон, шарикони ва ворисони хозираи идеологии онҳо роҳ надиҳем”, - гуфт президент.
Раҳбари Русия изҳори умедворӣ кард, ки мероси маънавии Рӯзи Ғалаба ба таҳким ва рушди босамари равобити кишварҳо ва мардумони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мусоидат хоҳад кард.
Вай ба ҳамаи куҳансарбозони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва меҳнаткашони ақибгоҳ суханони миннатдории самимӣ расонда, ба онхо саломатии бардавом, руҳи хуш, хонаободӣ ва умри дароз орзӯ намуд.
Қаблан Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба таҷлили чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват карда буд.
Даъвати раҳбари Русия дар чаҳорчӯби гуфтугӯи телефонии президентҳо сурат гирифта буд.