Ваъдаи рақиби асосии Эрдуғон барои ихроҷи паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон

Дар ҳамоиш ба тарафдории рақиби асосии президенти феълии Туркия, раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара баромад карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Номзад ба курсии раёсатҷумҳурии Туркия аз ҳафт ҳизби мухолиф, Камол Қиличдароғлу, дар густурдатарин гирдиҳамоии маъракаи интихоботӣ дар Истанбул, аз нияти ихроҷи тамоми паноҳҷӯёни суриягӣ ва афғон хабар дод.
Ба иттилои РИА "Новости", ӯ зимни ҳамоиши ҷонибдоронаш таъкид кард, ки ин корро дар тӯли ҳадди аксар ду сол анҷом хоҳад дод.
Гирдиҳамоӣ ба ҷонибдории номзади мухолифин дар қисмати осиёии шаҳр давоми се соат баргузор шуда, теъдоде аз роҳҳо баста шуда буд. Дар баробари худи Қиличдароғлу, ки тақрибан 15 дақиқа суханронӣ кард, номзадҳо ба мақоми ноиби президент – раҳбарони панҷ ҳизби мухолиф ва шаҳрдорони мухолифи Истанбулу Анкара суханронӣ карданд.
"Ман ба шумо ваъда медиҳам, ки ҳадди аксар дар ду сол мо ҳамаи бародарони суриягӣ ва афғони худро аз Туркия ба ватанашон мефиристем", - изҳор доштаст ӯ.
Эрдуғон пирӯз мешавад ё номзади мухолифин? Эълони натиҷаи пажуҳиши пешазинтихоботӣ
Шаҳрдори Истанбул аз ҷамъомадагон даъват кардааст, ки корзори интихоботиро ба даври дуюм нагузоранду дар даври аввал "корро иҷро кунанд".
Ба иттилои расонаҳои туркӣ, натиҷаи назарпурсиҳо дар мавриди барандаи интихоботии раисҷумҳур дар Туркия якмаром набуда, бархе шикасти шикасти президенти феълӣ, Раҷаб Тайиб Эрдуғонро пешгӯӣ мекунанду қисми дигар пирӯзияшро.
Қиличдароғлу рақиби аслии Эрдуғон дар интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Туркия ба шумор меравад. Интихобот 14 май дар назар буда, аҳзобу ҳаракатҳои мухолиф номзади ягонаи худро пешниҳод кардаанд.