Тоҷикистон тимашро ба Бозиҳои дуюми ИДМ мефиристад

Дар ҳоли ҳозир ширкат дар ин бозиҳоро дар Белорус 9 кишвари иттиҳод тасдиқ кардаанд, ки баъдан дастаҳоро ба мусобиқоти Минск мефиристанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Тоҷикистон дар Бозиҳои II Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат мекунад. Дар ин бора муовини нахуствазири Беларус Игор Петришенко хабар дод.
Вай қайд кард, ки мусобиқа тобистони соли 2023 дар Минск баргузор мешавад.
"Мо дуруст донистем, ки бо тамоми шӯҳрати худ меҳмоннавозӣ, самимият, покӣ, рӯҳияи варзишии миллати худро нишон диҳем", - қайд кард Петришенко.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир ширкати 9 кишвари узви иттиҳод, аз ҷумла Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Беларус, Қазоқистон ва ғайра тасдиқ кардаанд.
Ҳамин тавр кишварҳои созмон барои иштирок кардан аз руи 20 намуди варзиш ба Белорус тим мефиристанд.
"Мо интизор ҳастем, ки дар Бозиҳои II кишварҳои ИДМ 12-13 кишвар ва шояд бештар аз он ширкат кунанд", - иброз дошт ноиби сарвазир.
Идомаи зӯрозмоии муштзанҳои тоҷик дар чемпионати ҷаҳон
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Русия бар аҳамияти ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш бо кишварҳои узви СҲШ, БРИКС ва ИДМ таъкид карда буд.
Онҳо ҳамчунин афзуданд, ки Маскав мунтазири лағви таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи варзиши Русия нест ва ба рушди тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекунад.
Илова бар ин, вазорат қайд кард, ки идеяи нигоҳ доштани ҳаракати варзишии пок, одилона ва ғайрисиёсӣ аз ҷониби аксари кишварҳои ҷаҳон муштарак буда, дар шаклҳои нави ҳамкории байналмилалии варзишӣ ифода меёбад.