ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Дар шаҳри Доҳаи Қатар қуръакашии Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон доир шуд ва ҳарифони ҷудокорони тоҷик муайян шуданд, хабар медиҳад "Варзиш ТВ".
Бар хабари манбаъ, Эмомалии Нуралӣ дар даври аввал бо намояндаи Сербия ва ҷудокори дигари тоҷик Шаҳбоз Саидаброров бо намояндаи АМАдар даври аввал нерӯсанҷӣ мекунанд.
Зимнан, Беҳрӯз Хоҷазода бо ҷудокори кубагӣ ва Сомон Маҳмадбеков бо намояндаи Доминик мубориза мебаранд.
Шодмон Ризоев бо ҷудокори араб ва Комроншоҳи Устопириён бо намояндаи Зеландияи Нав қувва меозмоянд.
Дар идома, Ҷаҳонгир Маҷидов бо намояндаи Миср ва ҷудокори сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов рақобатро аз даври дуюм оғоз мекунад. Ҳарифи ӯ намояндаи Гвения хоҳад буд.
Қаҳрамонии ҷаҳонии ҷудо аз 7 то 13 май дар шаҳри Доҳаи Қатар баргузор мешавад.Тибқи низомнома дар ин мусобиқа ҷудокороне ширкат мекунанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Бояд гуфт, фонди ҷоизаҳои мусобиқаи мазкур 1 млн евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн, 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15000 ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад.
Дар рақобатҳои даставӣ бошад, барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60000 ва ҷои сеюм 25000 евро пешбинӣ шудааст.