Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Шойгу омодагии техникаҳои низоми барои амалиёти вижаро тафтиш кард - видео

Вазири дифои Русия дар ҳавзаи низомии ҷанубӣ аз техникаҳои ҳарбӣ, ки барои амалиёти вижа дар қаламрави Украина омода шудаанд, тафтиш кард
Sputnik
Вазири дифои Русия Сергей Шойгу ба ҳавзаи низомии ҷанубӣ рафт ва омодагии техникаи низомӣ, ки дар минтақаи амалиёти вижа истифода хоҳад шуд тафтиш кард, иттилоъ доааст вазорати дифои Русия.
"Вазири дифоъ генерали артиш Сергей Шойгу дар Ҳавзаи низомии ҷанубӣ омодагии техника ва аслиҳа , ки артиши Русия дар амалиёти вижаи низомӣ истифода хоҳад кард, тафтиш кард", — иттилоъ додааст манбаъ.
Муовини нави вазири дифоъ, генерал-полковник Алексей Кузменков, масъули таъминоти моддию техникии нирӯҳоро бар ӯҳда дорад, ба вазир тонкҳои замонавӣ, мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, техникаи махсус ва мошинҳои таъмини артишро нишон дод.
Маҳви ҳамалоти бесарнишинҳои украинӣ ба маҳалҳои аҳолинишин дар вилояти Херсон
Тавре вазорати дифоъ гуфт, оқои Шойгу инчунин пойгоҳҳои нигоҳдорӣ ва таъмири аслиҳаи аз майдонҳои ҷангӣ гирифташударо тафтиш кардааст.
"Генерал-полковник Кузьменков хабар дод, ки воҳидҳои таъмирии Қувваҳои Мусаллаҳ дар якҷоягӣ бо корхонаҳои саноати дифоии Русия бинобар ташкили кори шабонарӯзӣ карда, шумораи техникаи таъмиршуда дар як шабонарӯз нисбат ба техникаи аз кор баромадашуда бештар аст", — афзуд манбаъ.
Пригожин бар он аст, ки ҳамлаи мутақобили нерӯҳои Украина алакай оғоз шудааст
Вазорат афзуд, ки мошинҳои ҷангии барқароршуда фавран ба хати ҷабҳа фиристода мешаванд.
Гуфта мешавад, ки Шойгу гузоришҳои муовинони вазирони дифоъ ва фармондеҳони гурӯҳҳоро дар бораи вазъи кунунӣ ва нақшаҳои иқдомоти минбаъда шунида аст. Вазири дифоъ ба Кузменков супориш дод, ки масоили бо ҳамаи лавозимоти зарурӣ мунтазам таъмин намудани артишро дар минтакаи амалиёти вижа таҳти назорати махсус нигоҳ дорад.