“Сафири иродаи нек”: Дилшод Назаров унвони нав гирифт

Унвони навро ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016 зимни ҷаласа СҲШ бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин Созмон тақдим карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5мая — Sputnik. Дилшод Назаров соҳиби унвони фахрии "Сафири иродаи нек"-и СҲШ шуд, иттилоъ додааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
“Зимни ҷаласа бо қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ шаҳрванди Тоҷикистон, чемпиони олимпии Бозиҳои олимпии соли 2016 ва муовини президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Назаров Дилшод бо унвони фахрии “сафири иродаи нек”-и СҲШ сарфароз гардонида шуд”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Дилшод Назаров қаҳрамони олимпӣ аст. Ӯ нахустин ва то ҳол ягона қаҳрамони олимпӣ дар таърихи соҳбистиқлолии Тоҷикистон мебошад.
Дилшод Назаров дар байни варзишгари тоҷик аввалин шуда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия роҳхат гирифтааст.
Ӯ моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи ҷаҳонии силсилаи Гран-при оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дувумро касб карда, ба ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро мушарраф гардид.
Тавофуқи Назаров бо шоҳзодаи Саудӣ дар бахши варзиш
Дилшод Назаров санаи 6-уми майи соли 1982 дар шахри Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ аз овони хурдӣ ба варзиши сабуки намуди гурзандозӣ рағбат пайдо намуда, то ба дараҷаи устоди касби хеш расидааст.
Дилшод НАзаров соли 1996 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2001 бомуваффақият хатм намудааст. Баъд аз хатми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба Донишгохи тиҷорати Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2006 хатм намуд.
Дилшод барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 (Пекин, Чин), ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006 (Доха, Қатар), 2010 (Гуанжоу, Чин) ва 2014 (Инҷон, Кореяи Ҷанубӣ), қахрамони секаратаи Осиё солҳои 2009 (Гуанжоу, Чин), 2013 (Пуна, Хиндустон), 2015 (Ухан, Чин) мебошад.
Баъд аз ба даст овардани медали тиллои чемпионати ҷаҳонии “Рио-2016” санаи 26-уми августи соли 2016 ченпиони тоҷик бо медали тилло тариқи ҳавопаймои Москва — Душанбе ба Ватан баргашт.