Путин Раҳмонро барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав даъват кард

Раисҷумҳури Русия дар суҳбати телефонӣ бо кишвардори Тоҷикистон ӯро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба ба шаҳри Маскав даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5мая — Sputnik. Суҳбати телефонии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Русия Владимир Путин баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Иттилоъ дода шудааст, ки сарони ду давлат ба муносибати 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба ҳамдигарро табрик гуфтанд.
Ҳамзамон зимни суҳбат роҳбарони ду кишвар тамоюли мусбати рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Русияро дар тамоми самтҳои ҳамкорӣ таъкид намуданд.
“Омодагии ҷонибҳо барои рушди босуръати робитаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ изҳор карда шуд”. - таъкид кардааст манбаъ.
Ҳамдардем: Путин ба Раҳмон барқияи таслият ирсол кард
Инчунин сарони ду давлат дар бораи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор карда, ҷадвали чорабиниҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро дар соли равон муҳокима намуданд.
Таъкид гардидааст, ки зимни суҳбат Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба ҷашни Рӯзи Ғалаба дар пойтахти Русия ба шаҳри Москва даъват кард.