ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Муноқишаи мусаллаҳона дар Украина бояд ҳарчи зудтар қатъ карда шавад.
Ин нуктаро нахуствазири Маҷористон, Виктор Орбан зимни суханронӣ дар барномаи радиои Kossuth баён дошт.
Ба гуфтаи вай, дар ин муноқиша ба ҳар сурат, тарафе наметавонад, ғолиб бошад.
"Дар ин муноқиша сарфи назар аз бурдталошиҳои зиёд, танҳо ҷабрдидагон хоҳанд буд. Харобаҳои даҳшатнок, ятимон, мурдагон, маъюбон - шумораи онҳо рӯз то рӯз меафзояд, қабристонҳо оҳиста-оҳиста пур мешаванд", - гуфт ӯ.
Вай тавзеҳ дод, ки кишварҳои ғарбӣ аз Украина пуштибонии густурда мекунанд ва "муқаррар мекунанд, ки то куҷо омодаанд, бираванд ва чӣ қадар омодаанд барои артиши Украина аслиҳа диҳанд".
Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи ӯ, Русия, як кишвари дорои 140 млн нафар аҳолӣ бо бузургтарин захираи силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон наметавонад, шикаст хӯрад.
Сиёсатмадори маҷорӣ амалиёти ҷавобии интизории Украинаро охирин шонси Киев номид ва хулоса намуд, ки русҳо ҳам даст ба даст намешинанд, ки шикаст хӯрда, низоми сиёсии онҳо шикаста мешаванд.
Пештар Орбан гуфта буд, ки сулҳ дар Украина танҳо пас аз музокироти Русияву Амрико барқарор мешавад ва Аврупо имкони миёнҷигариро аз даст дод, зеро натавонистааст созишномаҳои Минскро иҷро кунад.