ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. "Шоҳҷоиза"-и ҷашнвораи "Парасту - 2023" ба Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский ба намоиши "Мастер ва Маргарита" аз рӯи асари Михаил Булгаков дар таҳияи Хуршед Мустафоев дода шуд.
Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, ки ҷоизасупорӣ бо иштироки ёрдамчии президент, Эмомалӣ Насриддинзода, вазири фарҳанг, Зулфия Давлатзода ва роҳбарони дигар мақомоти кишвар баргузор шуд.
Дар номинаи беҳтарин намоиш бошад, "Пораабри сафеди Чингизхон"-и Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯи асари Чингиз Айтматов дар таҳияи Суҳроб Усмонов сазовори ҷойи якум гардид, афзуд ӯ.
Ҷойи дуюм ба намоиши "Зол ва Рудоба"-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар аз рӯи асари Абулқосим Фирдавсӣ дар таҳияи Баҳром Қурбонзода дода шуд.
Ҷойи сеюм ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши "Савдо" дар таҳияи Умед Хусравов дода шуд, омадааст дар иттилоия.
Фестивали мазкур бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва 85 – солагии ҳунарпешаи халқии ҷумҳурӣ Хушназар Майбалиев баргузор гардид.
Дар ҷашнвора – озмун 18 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок намуда, беҳтарин намоишномаҳое, ки тӯли солҳои 2021 - 2022 рӯи саҳна омадаанд, барои мухлисони санъати театрӣ ва қазовати ҳайати ҳакамон пешниҳод гардид.
Мавриди зикр аст, ки Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту – 2023" анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.