Тарҳи 25-млн долларӣ: Ширкати чинӣ дар Хуҷанд низ дурбинҳои назоратӣ насб мекунад

Масъалаи татбиқи тарҳи "Шаҳри бехатар" дар мулоқоти раиси вилояти Суғд бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 май – Sputnik. Дар нақша аст, ки дар маркази вилояти Суғд тарҳи технологии "Шаҳри бехатар" амалӣ карда шавад.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Суғд иттилоъ дода, афзуд, ки масъалаи мазкур дар мулоқоти раиси вилоят, Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори ширкати технологии “Хуавей” дар Тоҷикистон Ли Ян баррасӣ шуд.
"Тибқи нақша дар маркази вилояти Суғд лоиҳаи "Шаҳри бехатар" ба маблағи 25 млн доллар амалӣ карда мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Ҳадаф аз татбиқи лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Масъалаи воридот ва насби технологияи муосир дар бахшҳои гуногун мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтаст.
Даҳҳо дурбин тартибот дар Хоруғро назорат мекунанд
Ҳукумати Суғд зикр намудаст, ки ширкати технологии “Хуавей” дар татбиқи лоиҳаҳои марбут ба "Шаҳри бехатар" дорои таҷрибаи калон мебошад.
Яке аз бузургтарин лоиҳаҳояш тарҳи “Шаҳри бехатар”, яъне насби камераҳои назоратӣ дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе гуфта шудааст, ки тайи солҳои охир фаъолият дошта, самаранокии он мусбат арзёбӣ мешавад.