ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Тибқи натиҷаҳои семоҳаи аввали соли 2023 3,3 ҳазор сайёҳони тоҷик ба Русия сафар кардаанд, хабар медиҳад Ассотсиатсияи туроператорони Федератсияи Русия.
Онҳо қайд карданд, ки аксари сафарҳое, ки ба унвони сафари туристӣ номбар шудаанд, воқеан ба туризми классикӣ тааллуқ надоранд.
"Шумо бояд бифаҳмед, ки одамон расман раводиди сайёҳӣ гирифтаанд, аммо онҳо барои он нарафтанд - масалан, бо сабабҳои тиҷоратӣ ё шахсӣ, на барои дидан ё фароғат", - шарҳ дод иттиҳодия.
Тибқи натоиҷи моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ Туркия дар чунин гардиши сайёҳон ба Русия ҷои аввалро гирифт – 10,1 ҳазор боздид.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2022, ҷараёни сайёҳон аз он ҷо ду баробар афзоиш ёфтааст.
Чин яке аз пешсафони гардиши сайёҳон ба Русия шуд, маҳз дар ин давра 6,2 ҳазор сайёҳи чинӣ сафар кардаанд.
"Чин бори аввал аз оғози пандемияи коронавирус аз рӯи шумораи боздидҳои сайёҳӣ ба Русия ба хеле боло рафта, якбора ҷои дуюмро гирифт", - гуфт манбаъ.
Илова бар ин, сайёҳон аз Олмон (5,1 ҳазор), Туркманистон (4,7 ҳазор), Қирғизистон (4,5 ҳазор) ва дигар кишварҳо ба Русия фаъолона сафар кардаанд.
Дар маҷмӯъ, гардиши сайёҳони воридшуда ба кишвар 67,7 ҳазор нафарро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл 10 ҳазор зиёд, вале дар баробари ин нисбат ба давраи "пандемия" соли 2019 7 маротиба камтар аст.