Раҳмон ва Тоқаев эъломияи ҳамкории ҳампаймониро имзо карданд

Қосимҷомарт Тоқаев Тоҷикистонро шарики боэътимоди стратегии Қазоқистон ва давлати бародару наздик ба кишвараш номид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро як сафари таърихӣ номид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раҳбари Қазоқистон хабар дода, таъкид кардааст, ки президентҳо гуфтугӯ дар шакли маҳдударо анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки сарони ду кишвар эъломияро дар бораи равобити иттифоқӣ имзо карданд.
Тоқаев дар оғози мулоқот Тоҷикистонро шарики боэътимоди стратегии Қазоқистон ва ҳамчунин давлати бародару наздик номид.
Ба гуфтаи ӯ, санади имзошуда равобити ду кишварро ба сатҳи нав бардошта, ҷавобгӯи манофеи миллатҳо мебошад.
"Аз қадим моро гузаштаи муштараки таърихӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва маънавӣ мустаҳкам мепайвандад. Мо ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодиро фаъолона инкишоф медиҳем. Дар тӯли солҳои зиёд Қазоқистон дуввумин шарики тиҷоратии Тоҷикистон буд", - гуфтааст ӯ.
Вай қайд кард, ки дар пеш кори зиёде аст, зеро муносибатхои иттифоқӣ лоиҳаҳои нави стратегиро дарбар мегиранд.
Дар навбати худ Эмомалӣ Раҳмон ба Қосимҷомарт Тоқаев барои даъват ба Қазоқистон ва меҳмоннавозӣ изҳори сипос кард.
Дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон беш аз 40 созишнома ба имзо расид
Вай қайд кард, ки кишварҳо дар бисёр соҳаҳо муколамаи фаъол доранд.
Илова бар ин, дар ҷараёни музокирот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои Қазоқистону Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Сарони давлатҳо ба густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва нақлиёт таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.