Поёни сафари Раҳмон ба Қазоқистон

Пас аз анҷоми сафари ду рӯзаи самаранок ба шаҳри Остона кишвардори Тоҷикистонро шахсан дар фурудгоҳи “Нурсултон Назарбоев” раисҷумҳури Қазоқистон гусел кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Қазоқистон, ки ду рӯз давом кард, ба анҷом расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти расиҷумҳур.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни ин сафар мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, вохӯрии кишвардори Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар, Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар маҷмуъ беш аз 60 санади нав ба имзо расид.
Хадамоти матбуоти раисҷумҳур хабар дод, ки барои татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 2,6 миллиард доллари америкоӣ дар назар аст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони баланди эҳтиром ва самимият президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев гусел кард.
Зери имзои президентҳо: Дар санади таърихӣ Раҳмон ва Тоқаев ба чӣ таваҷҷуҳ карданд
Нимаи дуюми рӯзи 4 май Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Қазоқистон ба Ватан баргашт.
Ин дар ҳолест, ки пеш аз баргашт ба Ватан раисҷумҳури Тоҷикистон бо Сарвазири Қазоқистон Алихан Смаилов мулоқот кард.
Дар рафти мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушду густариши муносибатҳоро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, кишоварзӣ, сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, саноат ва кооператсия, энергетика, нақлиёту боркашонӣ ва металлургия, муҳокима карданд.
“Барои таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ истифодаи имкониятҳои мавҷуда, пурзур кардани робитаҳо байни муассисаҳои илмӣ ва олии таълимӣ, гузарондани тадқиқоти якҷояи илмӣ, аз ҷумла дар соҳаи инноватсия ва технологияи иттилоотӣ, зарур шумурда шуд”, - таъкид кардааст манбаъ.