ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Теъдоди беморони сил дар Тоҷикистон коҳиш меёбад.
Дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4418 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 3925 нафарашон бори аввал ба ин беморӣ гирифтор шудаанд. Дигарон дубора бемор шуданд.
Ин оморро директори Маркази ҷумҳуриявии ҳифзи бемории сил Рустам Нуров ироа кард.
"Аҳолии ҷумҳурӣ ҳоло беш аз 10 млн нафарро ташкил медиҳад. Ва агар шумораи умумии гирифторон каме зиёд шуда бошад, пас дар солҳои охир коҳиши мизони беморӣ мушоҳида мешавад", - тавзеҳ дод ӯ.
Номбурда қайд кард, ки дар ноҳияи Восеъ, ки қаблан гирифторони бемории сил зиёд ба қайд гирифта шуда буд, вазъ хеле беҳтар шудааст. Сатҳи беморӣ нисбат ба соли гузашта хеле коҳиш ёфтааст ва ҳоло ноҳия аз рӯи сатҳи сироятёбӣ дар ҷои 27-ум аст.
Нуров гуфт, бемории сил дар зиндонҳо низ коҳиш ёфтааст. Ба муассисаҳои ислоҳӣ таҷҳизоти нави замонавӣ ворид гардида, дар он ҷо таҷҳизоти сайёри рентгенӣ бо зеҳни сунъӣ пайдо шуда, бо кумаки он муоинаи байни маҳкумшудагон гузаронида шудааст.
"Дар як соли охир аз миёни маҳбусон 72 нафар беморон ошкор карда шуданд", - гуфт Нуров.
Қарор аст, барои солҳои 2024-2026 аз ҳисоби маблағҳои грантӣ барои мубориза бо бемории сил беш аз 10 млн доллар ҷалб карда шавад.