Боз як размикори тоҷик дари UFC -ро "мекӯбад": ӯ кист

Варзишкори ҷавони мағлубнашудаи Тоҷикистон Бахтовар Юнусов монанди Нурулло Алиев ва Лоиқ Раҷабов барои расидан ба мақомҳои баланд талош мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 май — Sputnik. Размикори тоҷик Бахтовар Юнусов, ки бо оҷонсии менеҷерии “Dominance” MMA шартнома бастааст, гуфт ният дорад ба UFC роҳ ёбад.
Дар ин бора ӯ дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Instagram* хабар дод.
"Иншоаллоҳ, пеш меравем, истгоҳи навбатӣ UFC хоҳад буд", - навиштааст ӯ.
Юнусов, ки бо номи Доминатор низ маъруф аст, як размикор дар вазни сабук бо рекорди 10-0 бо 5 нокаути техникӣ мебошад.
Размикор фаъолияти худро дар соли 2020 оғоз кард, ӯ аксари муҳорибаҳояш дар зери парчами MMA гузаронидааст.
Нурулло Алиев аз раҳбари UFC даъват кард, ки размикорони тоҷикро бештар ҷалб намояд
Қаблан, як размикори дигари тоҷики мағлубнашуда Нурулло Алиев аз раҳбари UFC Дана Уайт даъват карда буд, ки ба варзишкорони тоҷик бештар қарордод имзо намоянд.
"Ман борҳо гуфтам: Дана, бо тоҷикон шартнома имзо кун. Мо воқеан мехоҳем, ки Ватани худро муаррифи кунем. Мехоҳем ҳар як-ду ҳафта рақобат кунем, то кишвари мо ҳам маъруф шавад. Дар ин ҷо касе калимаи "Тоҷикистонро" гуфта наметавонад", - гуфт Алиев. .
* - Фаъолияти Meta ҳамчун экстремистӣ эътироф шудааст ва дар Русия манъ аст.