ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Бахши муҳими рушди футбол дар Тоҷикистон ҳамкории сохторҳои ин намуди варзиш бо мактабҳо мебошад.
Ин нуктаро президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол - ФИФА, Ҷованни Инфантино, баъди мулоқот бо раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ бо макотиб барои тарбия тавассути футбол заминаи хуб мебошад.
Вай таъкид намуд, ки мавзӯи марказии мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон рушди футбол дар кишвар буд.
Ӯ илова намуд, ки дар Тоҷикистон миллионҳо ҳаводорони футбол зиндагӣ доранду барои рушди ин навъи варзиш, ҳукумат, ФИФА, Конфедератсияи футболи Осиё ва Федератсияи футболи ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ кор кунанд.
"Барои рушди зерсохтори футбол дар Тоҷикистон сармоягузории зурурӣ бояд равона шавад. Дар Душанбе сохтмони варзишгоҳи замонавӣ ҷараён дорад, ки метавонадд рамзи рушди футбол дар кишвар гарадд", - изҳор дошт Ҷованни Инфантино.
Феълан сафари президенти Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияи футбол дар Тоҷикистон идома дорад.
Дар баробари мулоқот бо мақомдорони бахши варзиши Тоҷикистон, Инфантинно ҳамчунин дар конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ дар Душанбе низ ширкат хоҳад кард.