Мумфаршсозии роҳи Зарнисор — Бӯстон аз сӯи ширкати муштараки Тоҷикистону Чин

Мақомоти вилояти Суғд мегӯяд, ки 38 км роҳи Зарнисор — Бӯстон бо кумаки Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин мумфарш карда мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти мумфаршкунии роҳи Зарнисор — Бӯстон шинос гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ, роҳи мазкур бо маблағгузории Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой мумфарш гардида истодааст ва дарозии он 38 км мебошад.
Таъкид шудааст, ки аз тарафи роҳсозон корҳо қариб ба анҷом расонида шудааст.
Ба иттилои мақомоти вилоят роҳи Зарнисор-Бӯстон солҳои зиёд инҷониб дар ҳолати ногувор қарор дошта, рафту омади сокинон бо мушкилӣ сурат мегирифт.
Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин роҳ мумфарш карда шуд.
Дар идома роҳбари вилоят дар шаҳраки Зарнисор ба хабаргирии ду нафар собиқадорони меҳнат рафта, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.
Дар се моҳ 100 километр роҳҳои Хатлон таъмир шуданд
Ёдовар мешавем, чанде пеш мақомоти вилояти Хатлон гуфта буд, ки азорати нақлиёти кишвар ва ҳукуматҳои маҳаллӣ барои таъмиру нигоҳдории роҳу пулҳои мошингузар дар семоҳаи аввали соли равон бештар аз ду миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд.
Сардори Муассисаи давлатии “Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгард”-и минтақаи Бохтар Нусратулло Ҳақназаров иттилоъ додааст, ки бо маблағҳои ҷудошуда дар се моҳи соли равон аз ҷониби идораҳои роҳҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бештар аз 100 километр роҳи мошингарди аҳамияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта таъмиру бозсозӣ шуданд.
Вай гуфт, ки ба ҷуз ин барои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ва пешгирии садамаҳои нақлиёти 153 аломати роҳ насб карда шудаст.