ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дар Екатеринбург шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар ҳолати сархушӣ қарор дошт, талош кард аз назди пулиси роҳ фирор кунад, аммо дур нарафт ва ба мошини ҳамватани худ бархурд.
Дар ин бора хабаргузории URA.RU дар истинод ба як манбаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.
"Дар кӯчаи 8-уми март ронандаи мошини ширкати "Делимобил" бо дархости нозирон таваққуф накарда, тасмим гирифт, аз онҳо фирор кунад. Аниқтараш, ҳуҷҷатҳоро барои тафтиш супурд, вале дарк кард, ки дар ҳолати мастӣ аст, талоши фирор кард”, - гуфт манбаъ.
Муҳоҷири тоҷик бо суръати баланд ҳаракат мекард ва дар як лаҳза идораро аз даст дода, ба мошини дигар бархӯрд.
Аҷиб ин аст, ки бо мошине, ки муҳоҷир бархурд соҳибаш низ як зодаи дигари Тоҷикистон будааст.
Замоне, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба ҷои ҳодиса расиданд, дар он ҷо занозанӣ оғоз шуд – гунаҳкори аз соҳиби мошине, ки ба он бархурдааст мушту лағат ҳам хурдааст. Кормандони БДА аз идомаи занозанӣ пешгирӣ карданд.