Маълум шуд, ки дар кадом минтақаҳои Русияро муҳоҷирони корӣ бештаранд

Ин минтақаҳо на танҳо бо теъдоди бештари шаҳрвандони хориҷӣ дар садри рейтинг қарор гирифтанд, балки ҳамзамон аз Маскав ва Санкт-Петербург ҳам пеш гузаштанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ҳавзаи мухтори Ямало-Ненетс, Ҳавзаи мухтори Ненетс ва Ханти-Манси пешсафони рейтингро бо ҳиссаи бештари муҳоҷирони кории воридотӣ гирифтанд, менависад "Известия" бо истинод ба як пажӯҳиши нав.
Дар соли 2022 ин минтақаҳо бештар коргарони хориҷиро қабул кардаанд.
Аксарияти мутахассисонро манотиқи Шимолӣ ва Шарқи Дур, Маскав ва Санкт-Петербург қабул мекунанд.
Аммо агар одамон дар ҷустуҷӯи кори доимӣ бештар ба мегаполисҳо майл доранд, пас коргарони мавсимӣ асосан ба Шимол мераванд.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти шабакаи аудит ва консалтингии FinExpertiza, соли гузашта дар Ямало-Ненетс (35% шумораи умумии коргарони минтақа) қисми зиёди муҳоҷирон дар муқоиса бо аҳолии маҳаллӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ҳавзаи мухтории Ненетс — 21%, дар ҳавзаи мухтории Ханти-Манси — 20%.
Ширкатҳои сохтмонии Русия омодаанд ҳазорон муҳоҷири тоҷикро бо кор таъмин кунанд
Дар Маскав ва Санкт-Петербург ин нишондод мутаносибан 19% ва 7% мебошад.
Таҳлилгарон мегӯянд, "дар баробари ин, мардум барои кор ба пойтахт ба таври доимӣ мераванд, дар ҳоле ки шимол бо даромади мавсимии баланд диққатҷалбкунанда аст".
Илова бар ин, панҷ минтақае, ки сокинонашон бештар аз хона барои кор мераванд, вилоятҳои Маскав, Адигея, вилояти Ленинград, Чувашистон ва Мари Эл мебошанд.
Аксари довталабон аз соҳаҳои истеҳсолот, нақлиёт, идоракунии кадрҳо ва ҳуқуқ мебошанд.
Аммо омӯзгорон ва табибон аз ҳисоби барномаҳои дастгирии давлатӣ ҳаракати баланд нишон медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, пажӯҳиш коҳиши муҳоҷирати корӣ дар дохили кишварро ошкор кардааст, ки ба вазъи иқтисодӣ ва маъруфияти кори фосилавӣ марбут аст.