ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Нақшаи даъвати баҳории наваскарон ба артиши Тоҷикистон дар моҳи аввал - апрел, 63% иҷро шудаст.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дода, афзуд гусели наваскарон дар шаҳру навоҳии мамлакат идома дорад.
Иҷроиши нақшаи даъвати ҷавонон дар пойтахти Тоҷикистон аллакай пурра ба анҷом расида, чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрел нақшаи пешбинишударо 100% иҷро намуданд.
Аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияи тобеи марказ нишондоди пешбинишударо ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Сангвору шаҳри Ваҳдат аллакай дар даҳрӯзаи аввали даъват иҷро намуда, иҷроиши нақша дар маҷмуъ дар НТМ 70% аст, хабар дод Вазорати дифоъ.
Масъулини комиссияҳи даъватии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иҷрои нақшаро дар самти даъвату гусели ҷавонписарон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар давоми як моҳ ба 60% баробар намудаанд.
Дар ин минтақа ноҳияҳои Вахш, Фархор ва Данғара даъвату гусели ҷавонписарони синни даъватиро пурра ба анҷом расонидаанд.
Дар Суғд иҷроиши нақшаи даъвати тирамоҳии наваскарон ба 45% баробар шудааст.
Шаҳру навоҳии ВМКБ чун анъана дар рӯзҳои аввали даъват нақшаро пурра иҷро кард.
Вазорати мудофиа мегӯяд, барои даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27 сола ба хизмати ҳарбӣ агар чӣ ду моҳ пешбинӣ гардида бошад ҳам, бисёре аз шаҳру навоҳии мамлакат нақшаро пеш аз муҳлат иҷро мекунанд.
Вазорат сабаби асосии пеш аз муҳлат тамом кардани нақша дар баъзе шаҳру навоҳиро таваҷҷуҳи ҳукумат ба артишу шароити хизмативу майишӣ ва зиёд будани шумораи ҷавонони масъулиятшиносу ватандӯст дар чунин минтақаҳо хондааст.