Тоҷикистон боз 22 собиқадори ҶБВ-ро аз даст дод: Чанд нафари дигар дар қайди ҳаётанд?

Тоҷикистон тайи як соли охир боз 22 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бисёри навоҳӣ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз намондаст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Ба ҳолати аввали моҳи май дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд.
Дар ин бора раиси Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнати ҷумҳурӣ, Раҳмат Қудратов ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, омори ҷадид дар пайи тамос бо шаҳру навоҳии ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 1 май ҷамъоварӣ гардидааст.
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 14 куҳансарбоз, дар Суғд - 11, дар Душанбе - 6 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ низ 6 куҳансарбоз иқомат доранд", - гуфт ӯ.
Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 57 иштирокчии ҶБВ дар қайди ҳаёт буданд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили Рӯзи Ғалаба чорабиниҳои идона бо иштироки собиқадорон баргузор мешавад ва дар бархе ҳолатҳо намояндагони мақомоту ҷомеа ба аёдати онҳо мераванд.
Путин ба куҳансарбозони ҶБВ-и Тоҷикистон номаҳои табрикотӣ ирсол кард
Ҳар сол дар арафаи иди Ғалаба бо фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони шаҳру вилоятҳо куҳансарбозон бо мукофотпулиҳо ва дигар кумакҳо қадрдонӣ мешаванд.
Аз ҷумла дар соли равон ҳукумати вилояти Суғд ба11 нафар собиқадорон ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7 ҳазор сомонигӣ, 92 нафаре, ки дар ақибгоҳ кор мекарданд ва медал доранд, 4 ҳазор сомонигӣ мукофотпулӣ ҷудо кардааст.
Дар мавриди кумакпулиҳои шаҳру навоҳии дигар ҳанӯз расман иттилоъ расонаӣ нашудааст.