Дар ноҳияи Унечски вилояти Брянск дар роҳи оҳан таркише ба вуқуъ пайваст. Дар ин бора волии вилояти Брянск Александр Богомаз дар Telegram- канали худ хабар дод.
"Дар километри 136-уми роҳи оҳани Брянск-Унеча дар ноҳияи Унечский як таркиш сурат гирифт, ки дар натиҷа локомотив ва чанд қатора боркаш аз роҳ берун шуданд. Дар ин ҳодиса талафоти ҷоние ба қайд гирифта нашудааст", — навиштааст волӣ.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар ҷои ҳодиса мақомоти интизомӣ фаъолият доранд. Дар ин қитъа ҳаракати нақлиёт қатъ шудааст.
Ба гуфтаи мақомоти вилояти Брянск, қаторае, ки аз роҳ баромад маводи сӯхт ва маводи сохтмонӣ мебурд.
Ба иттилои ширкати “Роҳи оҳани Русия”, мудохилаи афроди ношинос ба кори нақлиёти роҳи оҳан боиси аз роҳ берун шудани як локомотив ва ҳафт қатораи боркаш дар вилояти Брянск шудааст.