Муаррифии сармураббии нави "Хуҷанд": Ӯ кист?

Раёсати бошгоҳи футболи "Хуҷанд" сармураббии нави ин дастаро ба кор ҷалб карда, ӯро дар ҳузури расонаҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд муаррифӣ мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1май – Sputnik. Сармураббии тими "Хуҷанд", Нумон Ҳасанов таъйин шудааст, иттилоъ дод манбаи Sputnik Тоҷикистон аз бошгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, Ҳасанов мутахассиси ӯзбекистонӣ буда, муаррифии ӯ 1 май дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури намояндагони расонаҳо сурат мегирад.
Мутахассиси ӯзбекистонӣ дар мақоми сармураббии "Хуҷанд" Рустам Хоҷаевро иваз мекунад, ки ахиран аз ин вазифа истеъфо дод. Ин дуввумин истеъфои Хоҷаев буд. Вай апрели 2022 низ мехост аз даста биравад, аммо раҳбарияти бошгоҳ аризаи истеъфоияшро қабул накард.
Ӯ дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон истеъфояшро шарҳ дода, гуфт, чунин тасмимро пас аз бозии "Хуҷанд" бо "Файзканд" гирифт, ки бо натиҷаи мусовӣ 2:2 анҷом ёфт.
Медалгирии қаиқронҳои тоҷик дар чемпионати Осиё дар Самарқанд
"Вақте натиҷаи дилхоҳ нашуд, тасмим гирифтам, ки биравам. Даста шояд бо мутахассиси дигар ба дастовардҳои нав ноил шавад”,- афзуд собиқ сармураббӣ.
Вай гуфт, замони кор дар "Хуҷанд" барояш давраи хубу хотирмон буд ва бовар дорад, ки тим бо зарфияти доштааш пирӯзиҳо хоҳад дошт.
Мураббии шинохта гуфт, ҳоло озод буда, пешниҳоди корие дарёфт накардааст.
Рустам Хоҷаев қаблан аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра гирифт.