ДУШАНБЕ, 30 апр — Sputnik. Қаиқронҳои тоҷик дар мусобиқаи Самарқанд медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд, иттилоъ дод дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, Умар Рустамов ва Муҳаммадӣ Раҷабов дар қаиқронии дунафара ба масофаи 200 метр соҳиби нишони биринҷӣ шуданд.
Бобочон Бобоянов ва Амирҷон Бобоҷонов дар заврақронӣ ба масофаи 1000 метр соҳиби мақоми сеюм шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан варзишгарбонувони Тоҷикстон дар сабқати каноэи чорнафарӣ (С-4) дар масофаи 500 метр миёни ҷавонони то 18-сола ба гирифтани медали дуюми биринҷӣ даст ёфтанд.
Тими бонувон, ки ба гирифтани нишони биринҷӣ даст ёфтааст, аз Гостева Снежанна, Пирназарова Комила, Салимова Гузал, Муҳиддинова София иборат будааст.
Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонони то 18 ва то 23-сола ва пара-каноэ дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон 26 апрел оғоз гардида, интизор меравад, то 30 апрел идома меёбад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 25 варзишгар, аз ҷумла 19 писар ва 6 духтар муаррифӣ мекунанд.