ДУШАНБЕ, 30 апр – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 40% хизматчинёни давлатиро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳанд.
Дар ин бора Агентии хизмати давлатии назди президенти Тоҷикистон, аз қавли сардори шуъбаи ин ниҳод дар ВМКБ, Муслима Авзалшоева хабар дода, афзуд, ки синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ тамоюли ҷавоншавӣ дорад.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатӣ, дар доираи татбиқи сиёсати гендерӣ саҳми занон дар идоракунии давлатӣ афзоиш ёфта, ба зиёда 33% расид.
Таъкид шудааст, ки феълан дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар мақоми роҳбарӣ 73 зан кор мекунанд.
Афзалшоева мегӯяд, шаҳрвандон ҳуқуқи баробар дар идоракунии давлатӣ дошта, тайи солҳои фаъолияти Агентии хизмати давлатии назди президент, зиёда аз 90 кадри болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар он омӯзиш дидаанд.
Дар байни хатмкунандагони Академия айни хол аз ҳисоби занон як нафар дар симати раиси ноҳия, як нафар муовини раиси ноҳия ва муовини раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ кор мекунанд, илова намуд ӯ.
Зикр гардид, ки аз 269 хизмачии синнашон ҷавон 14 нафар ҷавонписароне мебошанд, ки пас аз адои хизмати ҳарбӣ ба кор ҷалб шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар Тоҷикистон мақсад гузошта шудааст, ки ба хизмати давлатӣ ҳарчи бештар ҷавонону занон ҷалб карда шаванд.