Вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оиларо бо шукуҳ ҷашн мегирад

Мақомоти вилояти Суғд дар Рӯзи байналмилалии оила суҳбату вохӯриҳо бо ҷавон, озмунҳои гуногун ва навиштани иншо баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Санаи 15 май дар вилояти Суғд Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Ба иттилои манбаъ ахиран дар ин бора қарори марбутаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба имзо расид.
Дар доираи баргузории Рӯзи байналмилалии оила ташкили суҳбату вохӯриҳо бо иштироки оилаҳои намунавӣ, соҳибтаҷриба ва ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумӣ, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи "Оилаи мо беҳтарин" байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор мегардад.
Ҳукумати Суғд ба иштирокчиёни ҶБВ қариб ним млн сомонӣ кумакпулӣ медиҳад
Ҳамзамон қайд карда шудааст дар ин рӯз озмуну маҳфилҳои гуногун, тарғиби ташаккули тарзи ҳаёти солим, силсилаи семинар-машваратҳо дар мавзӯи "Оилаи солим — ҷомеаи устувор" ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи қарор раёсатҳои кор бо занон ва оила, фарҳангу ҷавонон ва варзиш, маорифу тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлили намудани Рӯзи оила вазифадор гардидаанд.