ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Намояндагони ширкатҳои "Росатом" ва “НОСТРОЙ”- и Русия дар шаҳри Душанбе мосоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русияро бо вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баррасӣ намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Гулнора Ҳасанзода ахиран бо роҳбарии Генадий Сахаров - директори сармоягузории асосӣ, назорати давлатии сохтмон ва экспертизаи давлатии Корпоратсияи давлатии "Росатом", Президенти Ассотсиатсияи “Иттиҳодияи миллии бинокорон” (“НОСТРОЙ”)-и Русия Антон Глушков ва намояндагони ширкати давлатии “Росатом” Дмитрий Рибалкин ва Борис Куликовро дидору гуфтугӯ кард.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масоили касбомӯзӣ ва таъмини корҷӯён бо ҷойи кори доимӣ дар ширкатҳои сохтмонии Русия мубодилаи афкор намуданд.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкории шарикӣ барқарор намуда, муносибатҳои дарозмуддатро барои баланд бардоштани касбияти захираҳои меҳнатӣ ба роҳ монанд", - илова кардааст манбаъ.
Ҳамчунин, қайд карда шудааст, ки намояндагони ширкатҳои русӣ аз ҷараёни омӯзиши касбӣ дар МД “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” боздид намуда, бо имкониятҳои фарогирии касбомӯзон аз рӯйи ихтисосҳои соҳаи сохтмон шинос шуданд.