ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Якуми май - иди якдидилии меҳнаткашон имсол ба рӯзи душанбе, оғози ҳафта рос меояд ва дар тақвими Тоҷикистон ҳамчун рӯзи хосу истироҳатӣ ишорат нашудааст.
Дар ҳолест, ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин санаро ба хотири ҳифзи мавқеи меҳнаткашон хос бо шукӯҳ таҷлил мекунанд.
Дар гузашта дар Тоҷикистон ҳам дар ин сана рӯзи истироҳатӣ эълон мешуд, аммо чанд соли охир аз миён бардошта шудааст.
Самизода Мӯсобек, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар вилояти Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барои дубора барқарор намудани 1 уми май - рӯзи истироҳатӣ дар тақвим пешниҳод ироа шудааст.
“Ҷамъиятҳои иттифоқҳои касаба пешниҳод кардаанд, ки дар ин сана ҳама аз кор фориғ ва иди меҳнаткашон хотирмон таҷлил шавад. Ин пешниҳодҳо аз ҷониби Раёсатҳои Иттифоқҳои касаба ба ҳукумати кишвар пешниҳод шудаанд, баъди баррасии амиқ рӯзи 1 май ҳамчун иди меҳнаткашон минбаъд истироҳатӣ таъйин карда хоҳад шуд” - гуфт, раиси Иттифоқи касаба.
Самизода афзуд, зимнан ҳарчанд рӯзи 1 уми май ғайриистироҳатӣ аст, вале дар ин сана онҳо ба суроғи омӯзгорони макотиб ва донишгоҳҳо рафта барқияҳои табрикотӣ эъто намуда ва ба ин шева аз рӯзи якуми май таҷлил карданиянд.
Иди меҳнаткашон аз 1 майи соли 1886 ибтидо мегирад, ки дар шаҳри Чикагои Амрико коргарон бо талаби рӯзи кории 8 – саоата ба майдон рехтанд ва ин тазоҳурот ба задухӯрди хунин бо пулис анҷом ёфт.
Соли 1889 Кунгураи порисии Интернатсионали II дар бораи ҳамасола баргузор кардани намоишҳо дар ин рӯз қарор баровард ва аввалин намоишҳои ҳамраъйии меҳнаткашон соли 1890 дар Австро-Венгрия, Белгия, Олмон, Дания, Испания, Италия, Амрико, Норвегия, Фаронса, Шветсия ва дигар кишварҳо баргузор шуданд.
Ҳукумати Шӯравӣ шурӯъ аз соли 1917 иди меҳнат ва ҳамраъйии меҳнаткашонро дар саросари Шӯравӣ ба роҳ андохт.
Тоҷикистон ҳам таҷлили ин санаро, ки маъруф ба Иди якдилии заҳматкашони дунё аст, дар замони Шӯравӣ ва ҳам ибтидои Истиқлолият ботантана ҷашн мегирифт, вале сол аз сол он аҳамияти худро гум кардааст.