ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Яке аз раҳбарони аршади толибҳо Анас Ҳаққонӣ ахиран ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор дод, ки пас аз тасвиби қатъномае, ки аъзои он маҳдудиятҳои фазояндаи Кобул бар занонро маҳкум карданд, аз "сиёсати шикастхурдаи фишори" худ даст бардорад.
Ин қатънома, ки ахиран ба иттифоқи оро аз сӯии тамомии 15 узви шӯро тасвиб шуд, гуфт ки мамнуъияти кори занон барои Созмони ҷаҳонӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ дар Афғонистон "ҳуқуқи башар ва усули башардӯстонаро тазъиф мекунад".
Шӯро аз "ҳамаи давлатҳо ва созмонҳо хост то аз нуфузи худ истифода кунанд "то" баргардондани фаврии ин сиёсатҳо ва шеваҳоро тарвиҷ кунанд".
Анас Ҳаққонӣ, яке аз раҳбарони аршади ҷумбиши толибҳо аммо бидуни нақши расмии давлатӣ, гуфт ки шӯро "набояд ба сиёсати шикастхурда фишорро идома диҳад".
Вай дар саҳифаи твиттерии худ навиштааст: "ҳар мавқеъияте, ки иттихоз шавад, ки бар асоси дарак амиқ набошад, натоиҷи матлубро ба даст намеоварад ва ҳамеша бе асар хоҳад буд".
Вай афзуд, ки шӯро дар иваз бояд таҳримҳои дипломатӣ ва молии аъмол шуда бар теъдоде аз мақомотро, ки "мусаввабаи муҷозоти дастаҷамъии афғонҳо аст"-ро ҳазф кунад.
Қобил ёдоварист, ки занон аз вуруд ба аксари омӯзишҳои мутавассит ва донишгоҳҳо манъ шудаанд, аз кор дар аксари машоғили давлатӣ ва ҳамчунин созмонҳои ғайридавлатӣ манъ шудаанд ва аз вуруд ба фазоҳои умуми монанди варзишгоҳҳо ва паркҳо ҷилавгирӣ шудаанд.