Волии шаҳри Севастопол Михаил Развожаев ба хабарнигорон гуфт, тибқи маълумоти пешакӣ, ҳамла ба анбори нафт дар Севастопол тавассути ду паҳподи сурат гирифтааст.
"Тибқи маълумоти пешкӣ, аз он чизе ки ба назар мерасад, дар ду қисмати мухталиф сӯхтор рух додааст, яъне паҳпод ду адад будааст", - гуфт ӯ.
Дар натича чаҳор анбор зарар дид, кайд кард волии Севастопол. Ба гуфтаи ӯ, ҳоло онҳо қариб пурра ба коми оташ рафтанд.
"Айни замон боқимондаҳо бартараф карда ва хомуш намудани сӯхтор пуршиддат идома дорад, зарфҳои солим аз сӯхтор эмин ва сард карда шудаанд", - афзуд Развожаев.
Гуфта мешавад, ки сӯхтор то соати 18:00 бартараф карда мешавад.
Сӯхтор дар анбори нафт дар наздикии халиҷи Казачя субҳи барвақт сар зад. Ба гуфтаи Развожаев, майдони он тақрибан ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар ин сӯхтор хушбахтона касе осеб надидааст.