Мантуров: Тоҷикистону Русия паркҳои саноатӣ месозанд

Муовини сарвазири Русия итминон дорад, ки ҳамкории кишварҳо дар самти саноати сабук, металлургия, энергетика ва тиб барои оянда замина мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тоҷикистон ва Русияро зарур аст, ки барои эҷоди замина барои рушди ҳамкориҳои саноатӣ корҳоро идома диҳанд.
Ин нуктаро муовини сарвазири Русия, вазири саноат ва савдо Денис Мантуров таъкид кард.
"Бо дастгирии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушди минбаъдаи соҳаҳое, ки кишварҳои мо ба он манфиатдор мебошанд, мутмаинам", - изҳори боварӣ кард ӯ.
Ноиби сарвазири Русия аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори саноат, аз ҷумла саноати сабук, металлургия, энергетика ва тибу дорувориро ном бурд. Мантуров инчунин қайд кард, ки ин соҳаҳо таҳкурсии оянда мебошанд.
Ҳамзамон барои ҳалли масоили ҷорӣ миёни давлатҳо дар бораи таъсиси паркҳои саноатӣ созишнома баста шуд.
Раҳмон таъсиси корхонаҳои муштараки бо ҷалби сармоя ва технологияи Русияро зарур шуморид
"Сухан дар бораи бунёди майдонҳои саноатӣ меравад, ки дар он мо метавонем ба зудӣ технопарки саноатӣ таъсис диҳем, то операторони иқтисодие, ки ба бозори Тоҷикистон нигаронида шудаанд, дар он ҷойгир кунем", - илова намуд ӯ.
Қаблан Тоҷикистону Русия дар бораи стандартҳои ягонаи танзими техникӣ ба мувофиқа расида буданд.
Созишнома дар ҳошияи нишасти 21-уми Комиссияи байнидавлатии СААД оид ба ҳамкориҳои ҳарбӣ-иқтисодӣ ба имзо расид. Созишномаро масъулини ниҳодҳои стандартизатсия ва метрологияи Русия ва Тоҷикистон имзо карданд.