ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Корҳои сохтмонӣ дар атрофи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд бояд то 35-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ба анҷом расад, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси ҳукумати вилояти Суғд.
То моҳи сентябр дар шафати бандари ҳавоӣ меҳмонхонаи нави "Кайҳон" барои қариб 200 нафар бунёд мешавад, ҳамзамон чойхонае низ дар ин макон кушода мешавад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои таъмирӣ шинос шуда, шахсан аз иншоот дидан намуд.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ба фурудгоҳ таҷҳизоти нави иловагӣ барои ҳамлу нақли мусофирон: нардбонҳо ва автобусҳои замонавӣ оварда шудааст.
Хамаи иншооти нав барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонӣ ба аҳолӣ, мусофирон, барои бароҳатии сайёҳоне, ки ба вилоят меоянд, сохта мешаванд.
Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки тамоми биноҳоро сари вақт омода созанд.