ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар пайи даргирии мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон дар ВМКБ як хизматчии ҳарбӣ кушта шудааст, иттилоъ дод маркази матбуоти отряди сарҳадии "Хоруғ".
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 28 апрели соли 2023, шабона соати 1:30 дақиқа рух додаст.
Ин ниҳод афзуд, ки гуруҳи 8-нафарии қочоқбарон, таҳти роҳбарии Додихудо, Нодиршо ва Забӣ валади Муҳаммадсахӣ, сокинони қарияи Барпанҷаи вулусволии Шуғнони вилояти Бадахшони Афғонистон қарор доштаанд.
Мақсади онҳо интиқоли маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми "Тишор"-и отряди сарҳадии "Хоруғ" гуфта мешавад.
Мақомот мегӯянд, қочоқбарон ба амри марзбонони тоҷик дар хусуси таслим шудан итоат накарда, аз силоҳҳои гурӯҳӣ оташ кушоданд.
"Ҷинояткорон ба оташи ҷавобӣ тоб наоварда, маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангиро дар ҷои ҳодиса партофта, бо истифода аз торикии шаб ба тарафи Афғонистон фирор карданд", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки дар ҷои ҳодиса 3 нафар ҳаммаслакони қочоқбарони афғон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон дастгир карда шуданд.
Манбаъ афзуд, ки ҳамчунин дар ҷои ҳодиса 45 кило маводи мухаддири сахттаъсири навъи "героин", 1 адад автомати Калашников бо 4 адад тирдон, 74 дона тир, 1 адад дурбини махсуси назорати шабона ва 10ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира карда шуд.
КДАМ мегӯяд, нисбат ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишотӣ идома доранд.