ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Табибони вилояти Воронеж қасд доранд, то охири соли 2023 ҳудуди 3,3 ҳазор нафарро алайҳи бемории сурхак эм кунанд.
Чорабиниҳо дар доираи эмгузаронии тозакунӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ, муҳоҷирони дохилӣ, шахсони бе ҷои истиқомати доимӣ гузаронида мешаванд.
Дар ин бора ТАСС дар такя ба сухангӯӣ дафтари матбуоти мақомоти тандурустии минтақа гузориш додаас.
"Теъдоди тахминии афроди барномарезишуда барои эмгузаронӣ [бар зидди сурхак] баҳри поксозӣ дар минтақа 3,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Моҳи май интиқоли ваксина барои эмкунии поксозӣ ба минтақа дар назар аст", - афзудааст манбаъ.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар вилоят ҳамасола 96-98% шумори умумии афроде, ки бояд эмгузарониро гузаранд, моякӯбӣ мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Екатеринбург афзоиши гирифторони бемории сурхак дар миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба қайд гирифта шудааст.
Мақомоти ин минтақа низ барои рафъи беморӣ эмкуниро оғоз карда буданд.