Мантуров: Имкониятҳои шарикии СПАД пурра амалӣ нашудаанд

Кишварҳои ИДМ бояд ҳамкориро дар тавлиди маҳсулоти низомӣ афзоиш диҳанд ва шаклҳои нави табодули салоҳиятҳоро таҳия намоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Имкониятҳои шарикии байналмилалӣ дар чаҳорчӯби Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар ҳоли ҳозир пурра роҳандозӣ нашудааст.
Дар ин бора Денис Мантуров, муовини нахуствазири Русия дар нишасти XXI Комиссияи байнидавлатии ҳамкориҳои низомиву иқтисодии паймон изҳор дошт.
"Мо дар як давраи душвори ноустувории геополитикӣ ҷамъ омадем. Дар ин давра таҳкими иқтидори дифоии кишварҳои узви СПАД муҳим мебошад", - таъкид кард ӯ.
Ба гуфтаи Мантуров, аҳдофи аслии ин Созмон ҳамкориҳои илмию истеҳсолӣ дар тавлиди маҳсулоти низомӣ, ҳамчунин таҷдид ва таъмири онҳо, ҳамгироии корхонаҳои дифои кишварҳои СПАД ва стандартсозии аслиҳа дар чаҳорчӯби ин созмон аст.
Мантуров ба Тоҷикистон омад
Инчунин вай афзуд, ки бояд шаклҳои нави муколама ва табодули салоҳиятҳоро таҳия кард ва вазифаи асосии СПАД нигоҳ доштани мувозинатест, ки дар минтақа ба вуҷуд омадааст: Созмон бояд манфиатҳои миллии аъзои худро ба назар гирад.
Ба гуфтаи вай, ҳамгироии минбаъдаи корхонаҳои дифоъӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва тавозун зарур аст.