ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар Сиан бо ҳамтоёнаш аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин мулоқот кардааст.
Ин чаҳорумин чорабинӣ дар ин формат аст.
Бино ба иттилоъи вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар мулоқоти навбатӣ вазирон доираи васеи масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Дар ҷаласа мавзӯи нишасти сарони давлатҳои "Осиёи Марказӣ - Чин", ки моҳи майи соли 2023 дар ҳамин шаҳр баргузор мешавад, махсус баррасӣ шудааст.
Вазирони корҳои хориҷӣ доир ба "Баёнияи Сиан” нишасти дарпешистода ва як қатор санадҳои дигари марбут ба чорабинии дарпешистода табодули афкор намуданд.
Дар анҷоми ҷаласа протоколи ҷаласа ва баёнияи иттилоотӣ қабул карда шуд.
Қаблан Тоҷикистон дар нишасти онлайни раҳбарони хадамоти гумрук дар формати "Осиёи Марказӣ - Чин" ширкат дошт.
Дар он масоили ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби тарҳи “Равзанаи ягона”, табодули таҷриба дар заминаи рушди “Гумруки ҳушманд” ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳо баррасӣ шуд.