ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон кормандони бахши молияро барои татбиқи босамари низоми молиявӣ, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ даъват кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба вилояти Хатлон, дафтари нави кории масъулини молияро ба истифода дода, бо онҳо суҳбат кард.
Роҳандозии дақиқу дурусти ҳисоботи молиявӣ, омӯзиши густурдаи технологияи муосири низоми молиявӣ аз талаботи дигари президенти Тоҷикистон аз масъулини бахш будааст.
Вай таъкид мақомдорони молияро барои сарфакорона равона сохтани маблағҳои буҷети давлатӣ ба хотири рушди соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат муваззаф сохтаст.
Дастури президент барои истифодаи дурусти пули давлат дар ҳолест, ки даромади буҷаи соли 2023 беш аз 37 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбати нишондоди соли гузашта ҳудуди 4 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ дар соли равон беш аз 38 млрд сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёдтар пешбинӣ шудаст.