ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров, дар як конфронси матбуотӣ пас аз сафар ба Ню-Йорк ба унвон бахшӣ аз раёсти Русия бар Шӯрои амнияти СММ гуфт, ки то замоне, ки гурӯҳи Толибон* тааҳудоти худ, ки дар ҷомеаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шуда аст, амал накунад, ба расмияти шинохтани расмии давлати толибҳоро нахоҳад пазируфт, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
“Русия аз ин воқеият сарчашма мегирад, ки ҳукумати Афғонистон ки тавассути гурӯҳи толибон* ташкил шудааст як воқеият аст ва бояд бо он музокира кард”, - гуфт оқои Лавров.
Вай афзуд, ки Русия бар он аст, ки толибон дар Афғонистон як воқеият дар саҳна аст.
“Мо бояд бо онҳо музокира кунем", - зикр кард ӯ.
Ба гуфтаи оқои Лавров Русия то замоне, ки давлати муваққати гурӯҳи толибон* ба таъаҳҳудоти худ ки дар ҷомеъаи байналмилалӣ ба расмият шинохта шудааст, амал накунад, ба расмият шинохтани расмии давлати онҳо нахоҳад пазируфт.
“Яъне то замоне, ки фарогир будан сохторҳои ҳокимро тазмин кунад, на танҳо фарогир будан ба маънои қавмиятӣ, балки ба маънои сиёсии он низ бояд тазмин шавад", - зикр кард вазири умури хориҷаи Русия.
Оқои Лаврои инчунин илова кард, ки Русия муътақид аст, ки Ғарб набояд аз баҳс тафреҳ равад, зеро Ғарб 20 сол аст, ки дар Афғонистон буда ва коре накардааст, ки ба наҳви фурсатҳои иқтисодии Афғонистонро тақвият кунад.
* - гурӯҳ ё созмоне, ки таҳти таҳримҳои СММ барои амалҳои террористӣ қарор дорад.